Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@
Духтаре аз Россия
Добавил: emomalijon 06 марта 2012 23:27

   

Духтаре аз Россия

   

Ин достонро ба шумо такдим мекунам .Достоне,ки дар хакикат рух додааст. Достоне, ки бояд онро ёд дошта бошем ва онро ба хамсарону духтарон ва хохарони хеш накл кунем, то онро дар дилу аклу чони худ ба хотир биспоранд. То хама бидонанд, ки дини Худованд пируз ва сарбаланд аст. Хатто агар ахли он аз он шона холи кунанд  ё афроде, ки ба он дин нисбат доранд  ва дар байни мо зиндаги мекунанд ва бо забони мо сухан мегуянд бо он дини мукаддас дар набард бошанд.

Духтаре аз Россия … тоза мусалмон ва аз сарзамини куфр, забони арабиро намедонист. Аммо у рохеро паймуда буд, ки бештари мардони мо аз рафтан ба он бозмондаанд.

Асли достон:

Аз Россия омада буд. Ба хамрохи чанд тан аз занони руси, ки як савдогари руси онхоро ба ин кишвари халичи (Дубай) оварда буд. Хадафи онхо хариди васоили барки ва ворид кардани он ба кишвари Россия хамчун васоили шахси буд. Зеро ба ин равиш аз ин васоил бочи гумруки гирифта намешуд. Точири руси бошад ин васоилро баъди тахвил гирифтан аз ин занон бо фоидаи фаровон дар Россия ба фуруш мерасонад ва дар иваз ба онхо дастмузд медихад. Ин кор дар Россия ба амри роич табдил шуда буд. Зеро бисёр арзон ва бе пардохти бочи гумрук ба даст меомад.

Замоне, ки ин точир бо хамрохонаш ба Иморот расиданд ин мард казияи мухолии он чизе, ки кабл аз сафар ба онхо гузошта будро ба миён гузошт кард.

Гуфт: Шумо акнун ба инчо омадед то пул ба даст оваред. Ва инчо маконест, ки сарвати фаровон ва моли бехаду андоза дорад. Назари шумо дар бораи танфуруши чист? Хар кадом аз шумо, ки хохад пулу моли фаровоне дар ихтиёри уст. У  бо фиребу игво бештари онхоро ба назари худаш конеъ кунонд. Зеро хеч боздорандаи имони ва илтизоми ахлоки дар миён набуд, ки битавонад онхоро аз анчоми ин кор манъ кунад.

Магар як зан фикри уро кабул накард ва он точири руси уро ба масхара гирифт ва гуфт: Ту дар ин кишвар нобуд мешави! Зеро худат хасти ва либосхоят ман ба ту хеч чиз намедихам!

Он зан дар гирдоби фикр фуру рафт, ки чи кор кунад? Дар охир тасмими худро гирифт. Паспорташро гирифта аз хона берун рафт ва ба хиёбонхо гурехт. Хеч чизе хамрохаш надошт ба чуз либоси танаш ва гузарномааш. Точири руси уро дид ва садояш зад: Хар вакт,ки хама роххо ба руят баста шуд ва пушаймон шуди ба инчо биё. Адресро, ки медони!

Гуяндаи достон мегуяд: Ман хамрохи модар ва ду хохарам дар хиёбон рох мерафтем, ки ногахон ин зан ба суръат ба тарафи мо давид, ва шуруъ ба сухбат кардан бо мо кард. Албатта бо забони руси. Мо ба у фахмондем, ки русиро намедонем. Гуфт: Англисиро медонед? Гуфтем: Бале. Хушхол шуд , вале хушхоли бо гам ва хамрох бо гиря гуфт: Ман зани руси хастам ва достонам чунин аст ва факат аз шумо мехохам, ки муддате ба ман чо ва макон бидихед то битавонам бо хонаводаам дар Россия тамос бигирам ва дар мавриди корам тасмим бигирам.

Мо низ дар мавриди ин зан шуруъ ба маслихат кардем, ки оё уро кабул кунем ё не! Шояд фиребгар бошад ё чинояткор ва ё... Дар охир тасмим гирифтем,ки суханашро бовар кунем ва уро бо худ ба хона бурдем.

Хангоме, ки ба хона расидем у шуруъ ба тамос гирифтан кард аммо хатти телефони хонаашон катъ будааст. Бисёр талош кард аммо фоидае надошт. Хохаронам ба у хамонанди як хохар рафтор мекарданд ва уро ба Ислом даъват карданд. Аммо у кабул намекард.Нисбат ба ислом нафрат дошт. Рад мекард. Дуст надошт. Зеро у аз хонаводаи мутаассиби ортодокс буд, ки аз ислом ва мусалмонхо бадаш меомад. Ва гохгохе аз у ноумед мешудем, вале исрори фаровон чое барои ноумеди намегузорад.

Холид мегуяд: Ман хам гохе дар бахс бо хохаронам кумак мекардам ва гохе хам худам бо у бахс мекардам. Дар яке аз рузхо ба китобхона рафтам ва аз масъули ончо китоби руси дар мавриди Ислом талаб кардам.

Масъули китобхона дар мавриди Холид мегуяд: Чавоне ба инчо омад ва ба ман гуфт; оё китобхои исломи ба забони руси дорам? Гуфтам; бале, аммо кам аст. Харчи дорам ба ту медихам ва ту метавони баъд аз хафта биёи то боз ба ту китоб дихам. У низ теъдоди каме китобча бардошту рафт.

Баъд аз муддате баргашт дар холе, ки чахор зан хамрохи у буданд. Сетои онхо бо хичоб буданд, аммо чахоруми, ки зани зебое буд хичобе надошт. Аз Холид  хостам, ки занхоро ба утоки интизори занон рахнамои кунад. Сипас у назди ман омад ва гуфт: Ин зани руси достонаш чунину чунон аст. Хамон достоне, ки гуфтам. Ман як хафта пеш инчо омада будам ва аз шумо китоб гирифта будам. Холо омадам то китобхои дигаре ба хамрохи як чанд навор аз шумо бигирам. Зеро ман исломро ба  у пешниход кардам ва у кам кам кабул карда истодааст. Ва ба у гуфтам агар мусалмон шавад бо у издавоч мекунам.

Масъули китобхона мегуяд: Китобхои дигаре ба у додам. Баъд аз муддате баргашт ва хабар дод, ки он зан мусалмон шуда ва мехохад, ки исломашро ошкор кунад.

У исломашро эълом кард. Вакте, ки исломашро эълом кард ман ба Холид гурухе аз хохарони бофарханг ва тахсилоти оли, ки давраи омузиши Куръони карим доштанд ва метавонистанд бехтар бо он зан робита баркарор кунандро муаррифи кардам.

Чанд муддате гузашт. Холид хамрохи хамсараш омаданд то санади акди никохи худро биёваранд. Холид гуфт: Мужда бидех, ки ман алхамду лиллох издивоч кардам.

Масъули китобхона мегуяд: Вале чизе, ки маро хайратзада карда буд, ин зан хичоби комиле ба тан карда буд, ки хеч кисмати аз баданаш ошкор набуд.

Ба шухи ба Холид гуфтам: Чаро ин тавр шудааст?.

Гуфт: Баъд аз издивоч ман  хамрохи хамсарам барои хариди  эхтиёчоти хона ба бозор рафта будем, ки хамсарам занони хичобдорро дид ва ба ман гуфт: Чаро ин зан ингуна либос мепушад? Оё айбе дар баданаш хаст, ки мехохад аз дигарон пинхон кунад? Холид мегуяд: Ман бо гайрати исломи чавоб додам. На! Ин зан хичоберо пушида, ки Худованди бузург барои бандагонаш ихтиёр карда ва Паёмбари У ба он дастур додааст.

У баъди каме фикр кардан ба ман гуфт: Бале, якинан ин хамон хичоби исломи аст.

Гуфтам : Аз кучо фахмиди? Гуфт: Ман хар вакт вориди бозору магозахо мешавам чашмони мардони ончо чехраамро медаррад!  Мисли ин, ки чехраам кариб, ки тикка тикка шавад. Пас бояд чехраамро бипушонам. Бояд чехраи ман факат барои хамсарам бошад. Ман аз ин бозор берун намеравам магар бо хичоб.

Холид мегуяд: Ба Худо мачбудр шудам, ки барояш хичобе бихарам, то у онро бипушад.

Масъули китобхона мегуяд:Сипас муддати панч ё шаш мох аз Холид ва хамсари русиаш бехабар мондам. Баъд аз ин муддат Холид пешам омад ва ман аз сабааби наёмаданашро пурсидам. Гуфт:  Ман бо шумо робитаамро накандаам балки маслихате пеш омад, ки мачбур шудам аз ту дур бимонам ва алхамду лиллох он тамом шуд ва ман инчо хастам. Ман омадам то онро бароят хикоят кунам. Зеро  дарсхо ва ибратхои фаровоне дар он вучуд дорад:

Баъд аз ин, ки бо ин зан издивоч кардам ва зиндагиямон шуруъ шуд. Мухаббати у дар дили ман зиёд шуд, то чое, ки тамоми вучудамр фаро гирифт. Вале мушкиле пеш омад ва он хам ин буд, ки муддати гузарномаи хамсарам ба поён расид ва бояд онро иваз мекардем ва мушкили баъди ин буд, ки ин гузарнома бояд дар хамон шахри худаш иваз мешуд. Ман хам як фаластини хастам ва ба гайр аз ичозаи икомат чизи дигаре хамрохи худ надоштам. Пас ночор бояд рахти сафар мебастем ва илло икомати у дар инчо гайри конуни мешуд. Ба хотири мушкилоти модди мачбур шудем билетро аз арзонтарин хатти парвоз бигирем, ки хамон хавопаймои руси буд. Ду билет гирифтем ва бо хамсарам савори хавопаймо шудем.

Ман ба у гуфтам: Азизи ман, мо ба хотири хичоби ту дучори мушкили мешавем. Гуфт: Холид! ту аз ман мехохи аз ин кофирон, ки агар бо ин афкорашон бимиранд, хезуми чаханнам мешаванд итоат кунам ва аз фармони Аллох сарпечи кунам? Имкон надорад, ки ман ин корро анчом дихам!

 Нигох кунед! Ин сухани як зани тозамусалмон аст, ки хануз як мох ё камтар нест, ки мусалмон шудааст.

Холид мегуяд: Савор шудем ва нигохи мардум ба суи мо сарозер шуд. Мехмондорон шуруъ ба пахши таом карданд ва хамрохи таом машруботи алколи хам такдим карданд. Кам кам машрубот дар сари мардум асар кард ва хандаву масхара ва ишора ва нигоххои мардум шуруъ шуд. Дар канори мо меистоданд ва моро масхара мекарданд.

Ман як калима хам намефахмидам. Хамсарам лабханд мезад ва механдид ва харфхои онхоро бароям тарчума мекард.  Хамсарам мегуфт: Норохат нашав! Зеро ин дар мукобили балохо ва имтихоноте, ки ба асхоби Паёмбари Худо (дуо ва дуруди Худо бар у бод) мерасид, чизе нест.

Эхсос кардам гуё тире вориди калбам шуд, ки дигар аз он берун намешавад.

Мегуяд: Ба шахри хамсарам расидем ва дохили фурудгох шудем. Бо худ гуфтам, ки бо назди хонаводааш меравем ва ончо мемонем, то корхоямон тамом шавад ва баргардем. Вале у гуфт: На. Хонаводаам нисбат ба динашон мутаассиб хастанд ва ман намехохам холо ба ончо равем. Утокеро ичора мекунем ва ончо мемонем.

Фардои он руз ба идораи гузарнома рафтем ва барои анчоми кор ба назди масъули аввал баъд дуввум ва саввум рафтем. Аз онхо дархости анчоми мархалахои конуни чихати иваз кардани гузарномаро кардем ва хар кадоми аз онхо хам аз гузарномаи кадими хамрохи акси хамсарамро талаб карданд. Хамсарам низ акси худро ки сиёх сафед ва бо хичоб буд ба сурате, ки факат доираи чехрааш намоён буд дармеовард ва дар пеши онхо мегузошт.

Хар кадом аз масъулон онро рад мекард ва мегуфт: Ин акс кобили кабул нест. Мо акси ранги мехохем, ки дар он чехра, му ва гардан комилан ошкор бошад. Аммо хамсарам мегуфт: Ба хеч вачх! Имкон надорад чунин аксе бигирам.  Ва хар масъул мегуфт: Имкон надорад гузарнома бигири, магар бо ин тарз!

Дар охир ба мо гуфтанд, ки ин мушкили шуморо факат раиси гузарномаи Масква метавонад хал кунад. Ё ин, ки ба ин тарзе, ки гуфтем акс мегири.

Ба Холид нигох кард ва гуфт: Холид меравем Масква! Холид хам талош мекард, ки уро конеъ кунад, ки Худованд болотар аз тавоноиятон шуморо мукаллаф намекунад. Ин гузарномаро факат баъзе аз афрод барои зарурат хоханд дид ва баъд онро дар хона махфи мекуни  то муддаташ тамом шавад.

Хамсарам гуфт: Не, не.Имкон надорад, ки ман баъд аз ин ки дини Худоро шинохтам бехичоб шавам. Агар ту намехохи ба Масква биёи ман ба хотири зарурат меравам.

Холид мегуяд: Кабул карда ва ба Масква рафтем. Утокеро ичора кардем ва мондем.

Фардо субх барои дидани раиси гузарнома ба рох афтодем ва ба утоки раис дохил шудем. Инсони бисёр палиде буд. Хангоме, ки гузарнома ва аксхоро дид, гуфт: Чи касе ба ман исбот мекунад, ки ту сохиби ин гузарнома хасти? Акс ва гузарномаро гирифт ва дар гушаи утокаш гузошт ва дари онро куфл кард ва гуфт: Ту хеч гузарномае надошти ва надори магар ин, ки акси мутобики дастуроти моро биёри!

Холид мегуяд: Кушиш кардем то раисро конеъ кунем, аммо фоидае надошт. Ман шуруъ ба бахс бо хамсарам кардам, ки Худованд ба кадри тавонои аз инсон интизор дорад. Вале у ба ман чавоб медод: «Хар касе тарси Худо дошта бошад Худованд рохро барояш осон мекунад ва ризки уро аз роххои гуногун фаровон мекунад» (ояти Куръон). Дар аснои чарру бахси мо раис асабони шуд ва моро аз дафтараш берун кард.

Аз идора берун омадем ва рафтем ба утокамон, то дар бораи мавзуъ маслихат кунем. Ман уро конеъ кунам у низ маро. Ман далел биёварам у далел меовард, то ин, ки шаб шуд. Намози хуфтанро хондем ва шом хурдем. Ман хостам, ки бихобам хамсарам ба ман гуфт: Холид! Дар ин вазъияти сахт мехохи бихоби? Мехохи бихоби дар холе, ки мо эхтиёч ба илтимос ба суи Парвардигорамон дорем? Аз чо бархез ва ба Худованд руй биёр! Зеро акнун вакти панох бурдан аст.

Аз чо бархостам ва хар кадар, ки метонистам намоз хондам ва баъдаш хобидам. Аммо у нахобид ва пайваста намоз мехонд. Хар вакт бедор мешудам ва нигохаш мекардам ё дар холи рукуъ буд ё сачда ё киём ё дуо ва ё гиря. То замоне, ки бомдод шуд ва у маро бедор кард ва гуфт: Бедор шав вакти намози бомдод аст. Биё бо хам намоз мехонем. Аз хоб бархестам ва тахорат кардам ва бо хам намоз хондем. Сипас у каме хобид ва баъд гуфт: Бархез биравем идораи гузарнома ! Гуфтам: Биравем? Бо чи мадраке? Аксхо кучост? Аксе надорем. Гуфт: Бояд биравем ва талош кунем. Аз рахмати Худо ноумед нашав!

Холид мегуяд: Ба Худо касам хамин, ки поямонро дар аввалин дафтар аз дафтархои идора гузоштем, яке аз кормандони садо зад; Фалони духтар? Хамсарам чавоб дод: Бале. Гуфт: Биё ин гузарномаат ба хамон сурате, ки мехости. Вале аввал хазинаашро пардохт бояд куни. Хеле хушхол шудем ва ба Худо касам агар тамоми пулхоямонро, ки хамрох доштем мехост ба у медодем. Гузарномаро гирифтем ва баргаштем.

Дар рох у ба ман нигох карда гуфт: Нагуфтам «Хар касе тарси Худо дошта бошад Худованд рохро барояш осон мекунад ва ризки уро аз роххои гуногун фаровон мекунад».

Холид мегуяд: Ин калимотеро, ки мегуфт дар дилам чунон тарбияти имони гузошт, ки дар ин солхои дароз аз дарсхо ва суханронихое, ки шунида будам нагузошта буд.

Баъд аз ин гузарномаро мухр задем ва тамоми васоиламонро чамъ кардем, то пеши хонаводаи хамсарам биравем.

Рафтем ва дарро задем. Бародари бузургаш дарро боз кард. Хангоме, ки хохарашро дид хушхол шуд ва тааччуб кард. Чехра хамон чехраи хохараш буд, вале либос, либоси у набуд. Либоси сиёхе, ки хама баданашро пушонида буд. Ба чуз чехраашро. Хамсарам вориди хона шуд дар холе, ки лабханд мезад ва бародарашро дар огуш гирифта буд. Баъд аз он хам ман ворид шудам ва дар солони хона нишастам. Хонаи соддае буд, ки аз он осори факр намоён буд.

Ман танхо нишастам, вале хамсарам дохили уток садои харф заданашро мешунидам. Садои марду зан  бо забони руси, ки ман чизе намефахмидам ва намедонистам, ки дар бораи чи сухбат мекунанд, баланд шуд. Вале кам-кам садохо баландтар шуд ва фарёд ба хаво рафт. Эхсос кардам, ки авзоъ вайрон шуда истодааст. Вале наметонистам бифахмам чаро? Чун забони русиро намедонистам. Баъд аз чанд лахзае ногахон се чавон  ва як пирамард пеши ман омаданд. Бо худам гуфтам хатман барои хушомадед гуи ба хамсари духтарашон омадаанд. Аммо ногахон хушомадгуи табдил ба задухурд шуд.

Вакте ба худ омадам дидам, ки ман байни чандто вахши хастам ва чизе намонда, ки аз ин дунё худохофизи кунам. Пас хеч чораи ба чуз фирор ва начоти худ аз дасти инхо надидам. Ин танхо рохи хал барои начоти ман буд. Ба суръат дарро боз кардам ва аз хона фирор кардам. Онхо дунболи ман давиданд. Дар байни чамъият худро гум кардам. Рафтам ба тарафи  утоке, ки ичора карда будем, ки аз ончо зиёд дур набуд.

Ба худам нигох кардам; пешони ва сару руям варам карда буд ва хун аз дахонам чори буд. Либосхоям пора шуда буд. Ба худам гуфтам: Холо ман начот пайдо кардам вале хамсарам чи хол дошта бошад? Худамро фаромуш кардам ва ба хамсарам фикр мекардам. Охир уро хеле дуст медоштам. Киёфааш пеши чашмонам буд. Оё у низ хамон зарба ва кутакхое, ки ман хурдам, хурда бошад? Ман мард хастам ва тахаммул дорам, вале у зан аст. Токат надорад. Хатман манро рахо мекунад ё шояд аз дин баргардад.

Шайтон корашро шуруъ кард. Фикрхои ачибу гарибе дар сарам пайдо шуд, ки ту дигар аз имруз хамсаре нахохи дошт....

Чи бояд мекардам? Биравам! Не. Инчо кимати инсон хеле поён аст. Шояд бо дах доллар шахсеро барои куштани мо супориш карда бошанд. Пас бояд дар хона бимонам. Дар хона мондам, то ин ки субх шуд. Либосхоямро иваз кардам ва рафтам то хонаи онхоро аз дур тахти назар бигирам. Дари хонашон баста буд.... Ногахон дар боз шуд ва хамонхое, ки маро латукуб карда буданд аз хона берун омаданд. Фахмидам, ки мехоханд сари корашон бираванд.

Рузи чахорум, ки хонаро мепоидам, баъд аз ин ки онхо ба корашон рафта буданд, ногахон дари хона боз шуд. Чехраи хамсарамро дидам, ки чапу рост нигох мекард.

Холид мегуяд: Дар тули зиндагиям сахнае шигифтангезтар ва зеботар аз инро надида будам. Фикр накунам зеботар аз уро аслан дида будам. Бо вучуди ин ки чехрае ки медидам сурх ва рангин аз хун буд.

Зуд наздик рафтам. Ба у нигох кардам. Кариб буд бимирам. Охир, рангаш сурх шуда буд. Руи чехра, дастон ва похояш хун буд. Факат як либоси содда баданашро пушонда буд. Ногахон чашмам ба занчире афтод, ки бо он пои уро баста буданд ва занчире, ки дастонашро аз пушт куфл карда буданд. Замоне, ки уро дидам натавонистам худамро нигах дорам ва гиря кардам. Ба ман гуфт: Холид, аввал ин, ки мутмаин бош! Ман ба хамон ахде, ки бо Худо баста будам пойдорам. Касам ба Худо, ки хеч маъбуде бархак ба чуз у нест. Ончи мекашам бо заррае аз он чи сахобагон ва тобиин балки Пайгамбарон кашидаанд баробар нест.

Аллоху акбар!!! Чи зане?!

Дуввум ин ки байни ману хонаводаам байндурои накун!

Саввум; дар уток бимон, то замоне, ки биёам. Вале зиёд дуо кун! Намози шаб бихон! Зеро намоз баъд аз Худованд бехтарин панохгох баро инсон аст.

Холид мегуяд: Рафтам ва дар утокам мондам. Як руз... ду руз...се руз...Дар охири рузи саввум ногахон дари уток ба садо даромад. Яъне чи касе метавонад бошад? Аввалин бораст, ки дари ин уток куфта мешавад. Хеле тарсидам. Чи касе дар ин нимашаб инчо омадааст?! Хатман чои маро пайдо кардаанд...

Дар ин хангом садоеро шунидам, ки зеботар аз онро нашунида будам. Садои хамсарам буд. Дарро боз кардам. Худаш буд.

Гуфт: Меравем!

 Гуфтам: Бо ин хол?

 Гуфт: Бале!

Сипас мо васоиламонро бардоштем ва мошин гирифтем. Ба ронанда гуфтам: Фурудгох. Калимаи фурудгохро аз хамсарам ёд гирифта будам. Хамсарам гуфт: Фурудгох намеравем. Фалон шахр меравем. Гуфтам: Чаро?

Гуфт: Агар онхо хабардор шаванд, ки ман фирор кардаам дар фурудгох ба дунболи мо мегарданд. Мо ба фалон шахр меравем, ки фурудгохи байнламилали дорад.

Ба фурудгох, ки расидем билет харидем. Аммо то парвоз вакти зиёде монда буд. Ба хамин хотир утоке гирифтем ва дар ончо мондем.

Холид мегуяд: Ба хамсарам нигох кардам. Худоё хеч чои солиме руи баданаш набуд. Дар байни рох аз у пурсидам: Чи иттифоке барои ту афтод?

Гуфт: Замоне, ки вориди хона шудам ва бо хонаводаам нишастам ба ман гуфтанд, ки ин чи либосест, ки ту пушидаи? Гуфтам: Ин либоси ислом аст. Гуфтанд: Ин мард кист? Гуфтам: У хамсари ман аст. Ман мусалмон шудаам ва бо у издивоч кардаам. Онхо гуфтанд: Ин имкон надорад! Гуфтам: Ба ман гуш кунед, то достонамро бароятон кисса кунам...Ман  достони он точири русиро, ки мехост маро ба кори бад кашонад накл кардам.

Бародарон ва хохарони гироми нигох кунед, ба у гуфтанд: Агар он кори фохишагиро анчом медоди ва обруятро мефурухти барои мо бехтар буд аз ин, ки мусалмон инчо биёи!

Ба таассуби шадиде, ки ин мардум доранд, нигох кунед!

Сипас у гуфт: Ба ман гуфтанд аз ин хона берун намерави магар насрони ё часади бечон!

Баъд аз он хохарам шуруъ ба суол кардан намуд: Чаро динатро рахо карди? Дини модарат... дини падарат... дини ачдодат?! Ман уро конеъ кардам ва барояш хакикати исломро шарх додам. Аз бузургихо ва хубихое, ки дар ин дин аст ва аз акидаи поке, ки дорад, гуфтам. Кам-кам суханонам ба у таъсир гузошт. Кам-кам казия барояш равшан мешуд.

Дар охир гуфт: Хак бо туст! Ин хамон дини сахихаст. Хамон дине, ки ман хам бояд онро кабул кунам. Дар хамин вакт ба ман гуфт: гуш кун хохарам! Ман ба ту мехохам кумак кунам. Ба у гуфтам: Агар мехохи ба ман кумак куни, коре бикун, ки ман хамсарамро бинам. Вале мушкил ин хамон ду занчир буд, ки ман бо он баста шуда будам ва калиди ин занчирхо да дасти хохарам набуд. Ин занчирхо ба сутуни хона баста шуда буданд.

Рузе, ки хохарам ислом овард, тасмим гирифт, ки дар рохи дин курбони дихад. Тасмим гирифт, ки маро аз занчирхо рахо кунад, бо вучуди ин, ки калидхо дасти бародаронам буданд. Дар он руз хохарам барои бародарам машруби сахттаъсир омода кард, то ба у бидихад. У хам хурд. Он кадар хурд, ки дигар чизе намефахмид. Сипас у калидхоро аз чайби у бардошт ва занчирхоро боз кард ва ман охири шаб пеши ту омадам.

Холид гуфт: Пас хохарат чи мешавад?

Гуфт: Аз хохарам хостам, ки исломашро ошкор накунад ва ин ба сурати махфиёна бошад. То ин, ки шароит фарохам шавад.

Холид мегуяд: Мо савори хавопаймо шудем ва ба кишвар бозгаштем. Хамсарамро ба бемористон бурдам. Муддате ончо монд. То ин, осори зарбахо ва чарохатхояш пок шавад.

 

 

Просмотры (906)  Комментарии (0)  Форум (Киссахои Исломи)
Зарегистрированный
Анонимно