Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@
ҚИССАИ Ҳазрати Иброҳим (а) ва таваллуди Ҳазрати Исмоил (а)
Добавил: emomalijon 06 марта 2012 23:57

  ҚИССАИ
Ҳазрати Иброҳим (а) ва
таваллуди Ҳазрати Исмоил (а)

 

Вақто Иброҳим (а) бо пайравонаш дар сарзамине қарор гирифт, занаш, ки ҳомила буд, писар таваллуд намуд, номашро Исмоил гузоштанд. Ҳазрати Иброҳим (а) ва завҷааш аз таваллуди Исмоил хеле шод шуданд, зеро фарзанд надоштанд ва Худовандро аз тавлиди фарзанд шукрона гуфтанд.

 

 Иброҳим (а) қаблан зани дигаре ҳам дошт, ки бо ҳам хеле зиндагӣ карданд, локин аз онҳо фарзанде ба дунё наомад. Ёдатон бошад ин ҳамон занест, ки дар қиссаи Лут (а) малоикаҳо ба ҳазрати Иброҳим (а) муждаи фарзанд дода буданд. Ҳазрати Иброҳим маҷбур шуд Исмоили хурдакакро бо модараш ба дигар ҷо барад ва онҳо дар он ҷой истиқомат намоянд.

                                           

     БА СӮИ САҲРО

 

 Ҳазрати Иброҳим (а) зану фарзандашро гирифта ва ба сафари дуру дарозе баромад, то ба он ҷое, ки имрӯз хонаи Худо – Каъба аст расид. Он ҷо зану фарзандашро гузошта худ бозгашт. Албатта ҳамаи ин бо амру фармони Худованд буд. ӯ мегуфт: Парвардигоро, ҳар оина ман сокин сохтам баъзе авлоди худро ба водии безироат наздики хонаи мӯҳтарами Ту. Модари Исмоил таваккул ба Худо намуда розӣ шуд ва бо фарзандаш дар сарзамини бе об бимонд. Иброҳим (а) ба ватани худ баргашт.

                      

                                         КӮШИШ ВА ФАРЁД

 

 

 Захираи хӯрданӣ ва нӯшидание, ки Иброҳим (а) назди зану фарзанди худ гуузошта буд тамом шуд, кӯдак аз гуруснагию ташнагӣ азоб мекашиду мегирист. Модар бо умеди он, ки шояд хӯрданӣ ё нӯшидание пайдо намояд ҳар тараф медавид, ҷустуҷӯ менамуд. Локин дар ин саҳрои хушк таому об аз куҷо пайдо мегашт? Модари Исмоил аз давутози зиёд хаста шуда, рӯ ба Худо овард:

 

 -Эй Парвардигори меҳрубон, ҳалқи ин тифл аз ташнагӣ хушку меъдааш аз гуруснагӣ ба дард даромад, маро наҷот деҳ.

                                        

ЧАШМАИ ЗАМ – ЗАМ

 

 Вақто, модари хаставу бемадор ба назди фарзанди худ бар мегардад мебинад, ки аз дасту позании зиёди ин тифл бо баракати Худованди меҳрубон аз зери қадамҳои ӯ аз синаи санг чашмае фаввора мезанад. Модар дар ҳол сару рӯи фарзандашро бо об тар намуда қатра – қатра ба ӯ об медиҳад. Тифл, ки қариб буд аз гуруснагию ташнагӣ бимирад дар баданаш қувват пайдо мегардад.

 

                                          ВАТАН ВА ИСТИҚОМАТГОҲ

 

 Оби чашма беист фаввора зада мебаромад, паррандаҳо поин шудаву об менӯшиданд ва ин сабаб шуд то мардум аз дур инро дида донистанд, ки дар он макон бояд об бошад чунки паррандаҳо бе сабаб поён намешаванд. Вақго, ки таҳқиқ карданд он ҷо об аст, қарор доданд, ки дар назди чашма назди тифли ширхӯр ва модари меҳрубон хона созанд ва истиқомат намоянд.   Бисёриҳо кӯч баста омада дар наздикии чашма хона сохтанд ва қарор гирифтанд. Модар ки ранҷи танҳоиву сахтиро дида буд шод шуд ва Худованди меҳрубонро шукр мекард, чунки Парвардигори якто бо қудрату тавоноияш аз синаи санги сахт барои онҳо об ҷорӣ сохт, паррандаҳо фиристод, мардумро дар атрофи чашма ҷамъ намуд, саодату некбахтиро ба ин макон овард.

 

                                          ИМТИҲОНИ НАВ

 

 Иброҳим (а) писарашро фаромӯш накард. Сари вақт ба зиёраташ меомад. Солҳо гузаштанд. Исмоил ба сини ҷавонӣ расид, дар ҳамин айём аз ҷониби Худованд ба ҳазрати Иброҳим (а) амр шуд то писарашро қурбонӣ кунад! Ин супориши мушкил ва вазнину гароне буд! Иброҳим (а) пеш аз таваллуди Исмоил фарзанде надошт, умраш ба ҷое расида буд, дар тӯли ҳаёт муштоқи фарзанд буд.    

     Баъди таваллуд шудани Исмоил бо баъзе сабабҳо ӯро бо модараш ба саҳрои бе обе бурда мемонад, ки қариб буд модару писар ҳалок шаванд, пас аз ин қадар машаққати бе фарзандӣ ва ҷудоӣ аз фарзанди ягона болои ин машақатҳо бояд Иброҳим (а) фарзанди ягона ва дӯстдорашро қурбонӣ ме­кард. Чорае нест, амри Худованди бахшандаи меҳрубон аст. Иброҳим (а) бояд ин мушкилиро таҳаммул намояд ҳамон тавр, ки мушкилоти зиёдеро таҳаммул карда буд. Худовандо, сабру бардошту тоате, ки Иброҳим (а) дошт барои мо насиб гардон!

                                      

   БАЁНИ АМР

 

 Падар ба сӯи сарзамини фарзандаш ҳаракат мекунад ва барои писараш супори­ши Илоҳиро мерасонад: «Эй фарзандам: Дар хоб дидам, ки туро қурбонӣ намудам».

 

 Фарзанд итоаткорона қабул намуда бо садои пур аз ҷасорат гуфт: «Эй падар ба чизе маъмур шудаӣ, иҷро намо, агар Худо бихоҳад маро аз ҷумлаи сабркунандагон меёбӣ».                       Додаракон ва хоҳаракон меҳрубонам, ба сабру таҳаммули падар ва итоаткории фарзанд амри Илоҳиро бингарему панд бигирем.

 

                               КОРД НАМЕБУРАД

 

 Шайтони лаъин мехост ба ҳар сурате шакку дудилагӣ ва иҷро накардани фармони Илоҳиро дар нафси Иброҳим (а) ҷо намояд то, ки Иброҳиму писараш аз ин фармони Худовандӣ рӯ гардонанд. Локин ҳазрати Иброҳим (а) шайтонро чандин маротиба бо сангҳо зад ва аз худ дур сохт.                      

   Сипас Иброҳим корди тезро гирифта чашмони писари ягона ва ҷигарбандашро баста ба гиря даромад. Дар ин ҳол писар аз падараш талаб мекард, ки бо сабру тоқат бошад ва амри Худоро иҷро намояд. Падар корд бар гардани фарзанд меронд, вале корде, ки аз .алмос ҳам тезтар буд кора намекард ва намебурид. Иброҳим (а) чандин маротиби дигар кордро меронд, локин корд набурид.              

          Иброҳим (а) дар кори худ ҳайрон монд ва фаҳмид, ин ҷо сирест, ки аз ӯ пинҳон аст ва намедонад. ӯ дуо мекард ва аз Худованди таоло мехост то ӯро наҷот диҳад. Корд бо вуҷуди ин, ки тезу буррост кора накард. Ҳазрати Иброҳим (а) рӯ ҷониби Худованд оварда мегуфт: Намебурад!!! Парвардигоро ман чӣ кор кунам? Эй Худо Ту маро амр намудӣ ва ин ҳоли ман аст?

                                         

   ҲАДЯИ БУЗУРГ

 

 Дар ин ҳол ҳазрати Иброҳим (а) садои малоикаеро мешунавад, ки нидо мекард: «Эй Иб­роҳим (а) дар ҳақиқат хоби дидагиатро амалӣ сохтӣ».                 Худованди мутаол дар ивази Исмоил (а) гӯсфанди бузургеро фиристод. Гӯсфандро малоике бардошта оварда назди Иброҳим (а) гузошт то, ки Иброҳим дар ивази фарзанди итоаткораш қурбонӣ намояд. Ҳамин буд бародарони азиз натиҷаи имону боварӣ ва ҷонфидоии падару писар. Бо ҳамин Худованд падарро аз ҳайронӣ ва писарро аз қурбонӣ наҷот дод.     

               

                                  БИНОИ КАЪБА

 

 Иброҳим (а) ба макони худ баргашт ва муддати зиёде ба зиёрати фарзандаш наёмад. Баъди чанде ба сӯи фарзандаш омад, локин на барои аёдат, балки барои кори муҳиме, барои бардоштану иморат кардани хонаи Каъба ва аввалин масҷиде, ки дар он Худованд ибодат карда мешавад.

 

 Гӯш бидиҳем ба қиссаи бинои Каъба дар Қуръони Шариф: «Он гоҳ, ки баланд карданд Иброҳим ва Исмоил бунёдҳои хонаро гуфтанд: Эй Парвардигори мо қабул кун аз мо ҳар оина Ту шунаво ва доно. Эй Парвардигори мо бигардонӣ моро фармонбардори худат ва аз авлоди мо бикун гурӯҳе мутеи худат ва бинмо моро роҳи ибодатҳои мо ва ба меҳрубонӣ боз ой ба мо ба дурустӣ, ки Туӣ тавбапазиру меҳрубон. Эй Парвардигори мо бифирист дар миёни эшон Пайғамбаре аз онҳо бихонад барои онҳо оятҳои Туро ва биомӯзад онҳоро китоб ва илм ва пок созад онҳоро ҳар оина Туӣ тавонову доно».                                      

 

Фарзандони азизам вақто, ки ҳаҷ кардед ё ки тарафи Каъба намоз хондед қиссаҳои оби зам - зам ва ҷонфидоии Исмоилро ба ёд биёред. Алон додаракони хурдсолам биёед якҷоя баъди хондани қиссаҳои Иброҳим ва Исмоил (а) фикр кунем ва натиҷа барорем ва фоидаҳое, ки аз ин ду қисса мумкин аст бигирем тазаккур намоем.

 

                                            Аз маънои ин ду қисса

 

1. Барои шахси мусулмон зарур аст монанди пешвоямон Иброҳим бо фикру андеша ва ақлу идрок ба Худованди таъоло имон орад ва бовар намояд.

 2. Бар ҳар мусулмон лозим аст нотарсона ҳақиқатро ошкор намояд.

 3. Бояд бидонанд, ки Худованд бо ӯст, кӯмак ва ёриаш медиҳад.

 4. Фармонҳои Илоҳиро иҷро намоянд.

 5. Дар муқобили азобу шиканҷаи кофирон бо сабр бошад.

 6. Дар даъваташ ба сустӣ ва хастагӣ роҳ надиҳад.

 7. Иброҳимвор имон дошта бошад ва Исмоил барин дар муқобили амри Илоҳӣ итоаткор бошад.

 8. Аз Худованди мутаол ҳидояти мардумро бихоҳад ва даъваташро идома диҳад.

 9. Кӯшиш намояд режими фасодро ҳар куҷое, ки бошад тағйир диҳад, ба нодониву куфр розӣ нашавад.

 10. Бидонад ва дарк намояд, ки зафар ва некбахтӣ нисбати мӯъминон аст.

 Оқибати куфри ботил ҳалокат ва нобудист.

 

[i]

 

 




___Email. Emomalijon@mail.ru                                          

                                                                                                    

Просмотры (1248)  Комментарии (0)  Форум (Киссахои Исломи)
Зарегистрированный
Анонимно