Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@
Ҳаром будани ҳасад ва бадбини нисбати ҳамдигар.
Добавил: emomalijon 06 марта 2012 22:36

Ҳаром будани ҳасад ва бадбини нисбати ҳамдигар. 

 

Аз Анас (Худо аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуд: "Бо ҳамдигар душманӣ, ҳасад ва қатъи робита нанамоед ва бо ҳамдигар пушт надиҳед. Эй бандагони Худо бо ҳам бародар бошед ва барои ҳеч мусулмоне раво нест, ки беш аз се рӯз бародарашро тарк кунад (бо ӯ қаҳрӣ кунад ё қатъи робита ва алоқа намояд." (Муттафақун алайҳ)

Шарҳи маънои ҳадис:
-Дар ин ҳадис Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) моро чунин тавсия ва панд медиҳад, ки бояд бо ҳамдигар бародарвор муомалаи исломӣ намоем, зеро ки муомалаи мазкур ба мо ахлоқи писандида меомӯзаду аз рафтору кирдори бад моро боз медорад, инчунин аз дилҳоямон буғзу кинаро пок сохта, рафтори накӯ ва бархӯрди хуб намудан бо ҳамдигарро дар сиришти мо эчод менамояд.
-Ҳамчунин Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар сухани хеш ба ин нукта ишора менамояд, ки робитаи бародарӣ дар ислом аз робитаи насабӣ ва хунӣ қавитар мебошад, зеро ки асосу пояи робитаи бародарӣ имон ба Худо мебошад. Аз ҳамин чиҳат барои мусулмон раво нест, ки беш аз се рӯз бо бародараш қаҳри кунад ё аз вай рӯй битобад, модоме ки амали мазкур сабаб ва омили динӣ надошта бошад. Агар бародараш кадом кори мухолифи динро намуда, ӯро чандин бор насиҳат намояд, вале ӯ аз амали мазкур даст накашад, дар ин сурат чоиз аст, ки бо ӯ қатъи робита намояд, шояд ки бародараш аз рафтори ӯ мутаассир гашта аз кори бад даст бардорад.

Фавоид ва андарзҳои ҳадис:

1-Ҳаром будани душманӣ, ҳасад, қатъи робита намудан ва пушт гардондан ба якдигар.

2-Манъ намудани озордиҳии мусулмон ба кадом сурате, ки бошад.

3-Ҳаром будани қаҳрикунӣ ва қатъи равобит бо бародари мусулмон беш аз се рӯз.

4-Тамоми корҳои зикр шуда аз таълимоту ахлоқи исломӣ дур мебошад.

Просмотры (581)  Комментарии (0)  Форум (Общие)
Зарегистрированный
Анонимно